Корҳои таблиғотӣ аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ дар байни аҳолӣ

Корҳои таблиғотӣ аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ дар байни аҳолӣ
Аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ - донишҷӯёни курсҳои 5,6-ум, аспирантон, ординаторони клиникӣ, интернаҳо ва омӯзгорони кафедраҳои умумитаълимию тиббии назариявӣ дар рӯзҳои аз 4 то 10-уми майи соли 2020 аксияҳои корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таҳлуқа роҳ надодан, пешгирии паҳншавии коронавируси нав, риояи талаботҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва худизолятсиякунӣ дар байни аҳолӣ, дар байни шаҳрвандони ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида, ба шаҳрвандон 4000 никобҳои тиббӣ, 4000 варақаҳои иттилоотӣ ва варақаҳо бо телефонҳои тамосии Марказҳои саломатии минтақавӣ тақсим карда шуд. Рӯзи 07.05.2020, чунин аксияҳо аз ҷониби шабакаҳои телевизионии “Душанбе”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ба навор гирифта шуда, намоиш дода шуд.

Корҳои таблиғотӣ аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ дар байни аҳолӣ
Корҳои таблиғотӣ аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ дар байни аҳолӣ
Корҳои таблиғотӣ аз ҷониби волонтёрҳои донишгоҳ дар байни аҳолӣ
07.05.2020 111