Конференсияи “Зан сарчашмаи зиндагӣ”

Конференсияи “Зан сарчашмаи зиндагӣ”

28 майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ “Зан сарчашмаи зиндагӣ” баргузор гардид. Даъватшудагон ва иштирокчиён намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ буданд. Кори конференсияро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Раҳимӣ Ф.Қ. оғоз бахшид. Сипас, сухани табрикотии муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зафар шунида шуд.

Намоиши видео-табрикномаҳо аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муттаҳид Федератсияи Русия Швадкой М.Е., Иксанов А.Г., Шустов Б.М., Ҷумҳурии халқии Хитой Нинг Ҷан, Ҷумҳурии Озарбойҷон Гулиев Айюб Салахоглы, Ҷумҳурии Арманистон Елена Микогосян, Украина Иванова А.В., Қрим Шаховская А.Н. баргузор гардид.

Дар бахши “Нақши сиёсати гендерии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар рушди занон” аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Пирматова Д.А., Додхоева М.Ф. дар мавзӯи “Хусусиятҳои морфологӣ ва вазифавии занони дорои диабети гестатсионӣ ҳамроҳ бо камхунӣ” ва Ҳоҷиева Г.Б. дар мавзӯи “Табобати аввалияи бемории фишорбаландии шараёнии шахсони калонсол дар қиёс” баромад намуданд. Конференсия дар фазои ором ва сатҳи баланд гузашт.

Шӯрои бонувон


3
2
1
03.06.2021 49