Комёбии волейболбоздухтарон

Комёбии волейболбоздухтарон

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо оид ба волейбол оғоз ёфтанд, ки дар он 12 даста ширкат меварзанд.

Дастаи волейболбоздухтарони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар вохӯрии аввалини худ, ки рӯзи 12 ноябр баргузор гашт, таҳти роҳбарии мураббии варзида Д. Аслонов бо варзишгарони Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:0 дастболо гаштанд.

 Мусобиқаҳо то 18 ноябр идома ёфта, ғолибон бо Ифтихорнома ва мукофотҳои таъсисдодаи КИ ҲХДТ сарфароз гардонида мешаванд. 

Ворисони Сино


16.11.2020 201