ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Санаи 05.10.2021 дар толори Маркази тестӣ бо донишҷӯёни курси 6- уми факултети тиббӣ бо иштироки сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» табодули афкор сурат гирифт.

Сардори шуъбаи тарбия дар атрофии қоидаҳои нави хизмати ҳарбӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ» дарҷ гардидаанд маълумот пешниҳод намуданд.

Боиси қайд аст, ки санаи 05.10.2021 дар назди роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид, ки дар он донишгоҳро сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. намояндагӣ намуданд. Дар ҷаласа атрофи қонуни мазкур прокурор ва комиссари ҳарбии ноҳия гузориш доданд. Паҳлӯҳои асосии гузориши онҳо муфассал ба донишҷӯён ироа карда шуд.

Муовинони декани факултети тиббӣ Раҳмиова Д.С. ва Иргашева Ҷ.З. вобаста ба шаъну шараф, далерию мардонагии ҷавонони кишвар дар шароити имрӯза бо далелҳои мушаххаси ҳодисаҳои печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал доданд.

Дар охири вохӯрӣ донишҷӯён саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


06.10.2021 44