Халқи соҳибфарҳангу ободгари тоҷик ҳамеша ба оянда назари нек дорад.

Халқи соҳибфарҳангу ободгари тоҷик ҳамеша ба оянда назари нек дорад.

Бо шарофати Истиқлолу иттиҳод дар тамоми гӯшаю канори мамлакат амалҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, садҳо иншооти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир бо тарҳи зебою нотакрор қомат афрохтанд. Сохтмони иншооти тақдирсозу муҳим авҷ гирифт ва корҳои сарсабзу хуррамгардонӣ эҳё гардида, давлат ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт. Ба қарди оромиву субот расидан, шукронаи соҳибдавлатию соҳибватаниро ба ҷо овардан ва ба корҳои созандагӣ ҳамроҳ шуда, музаффариятҳои халқу давлатамонро афзун намудан қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо ба шумор меравад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне, Ватан ва Истиқлоли давлатии он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Аз ин рӯ, аз ҳар яки мо-шаҳрванди огоҳу ватандӯст тоқозо мегардад, ки ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлоли Ваҳдат ва суботу оромиши Ватани аҷдодиямон пайваста арҷ гузорем ва онҳоро гиромӣ дорем. Мураккаб шудани вазъияти байналхалқӣ хатарҳои наверо ба суботу амният ва Ваҳдату мустақилии кишварҳо ба вуҷуд овардааст. Дар чунин вазъи печидаи ҷаҳони муосир бештар аз ҳар вақти дигар моро зарур аст, ки Истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, амнияти сартосарӣ ва Ваҳдати миллиро чун арзишҳои муҳим дар роҳи рушду шукуфоии кишвари азизамон ҳифз намуда, ҳамеша барои ҷовидона нигоҳ доштани онҳо омода бошем.

Мардуми соҳибфарҳангу ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек дорад ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ва таъмини зиндагии пурсаодати халқамон қадамҳои устувор мегузорем. Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат таи 29-соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии кишвар гузошта шудааст. Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки ҳар кадоми моро ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб водор месозад, то худро соҳиби ин дастовард ва соҳиби ин марзу бум бидонему фидокорона, содиқона ва софдилона ба хотири фардои дурахшони Ватан-Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тамому неру ва азму иродаи хастанопазир ҷаҳду талош намоем.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


23.09.2021 60