Истиқлолият ва насли имрӯз

Истиқлолият ва насли имрӯз

Имрӯз, 22. 09. 2021 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки муаллими кафедра –Бобоева Х. А., кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курсҳои 2-юму 3-юми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ гурӯҳҳои 6 ва 50 дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Истиқлолият ва насли имрӯз” баргузор гардид. Маърӯзаи донишҷӯи курси 2 Ҳангома Зуҳурзода таҳти номи «Пешвои мо ифтихори мост!» пешкаш иштирокдорон гардид. Мавсф иброз доштанд, ки: «Дар ҳақиқат мо ҷавонон хушбахтем, ки дар даврони Истиқлолият зиндагӣ мекунем. Мо ҳамагон хуб медонем, ки ин неъматро бо осонӣ мо соҳиб нашудаем. «Ояндаи миллат да дасти ҷавонон аст»,-таъкидҳои ҳамешаи Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки давлати худро шукуфон нигоҳ дорем».

 Хандаи хуршеди Истиклол,

Файз мерезад ба чони мо.

Зиндаву поянда медорад,

Парчами сабзу забони мо.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


22.09.2021 29