Иштироки донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳашари умумишаҳрии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Тозагии пойтахт мароми мо табибону ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон! ” дар шаҳри

Иштироки  донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳашари умумишаҳрии кормандони соҳаи  тандурустӣ, ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон таҳти унвони  “Тозагии пойтахт мароми мо табибону ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон! ” дар шаҳри

Барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ рӯзи 25-уми сентябри соли 2021 дар ҳашари умимишаҳрии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Тозагии пойтахт мароми мо табибону ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон!” дар шаҳри Душанбе иштирок карда, дар минтақаи вобасташудаи шаҳри Душанбе ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шанбегии дастҷамъона гузарониданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25-уми сентябри соли 2021 аз ҷониби Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” зиёда аз 150 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ барои иштирок дар ҳашари умумишаҳрии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳизбиён (аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Ворисони Сино”и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино) ва ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Тозагии пойтахт мароми мо табибону ҳизбиён ва ҷавонону варзишгарон!” дар шаҳри Душанбе дар минтақаи вобасташудаи маҳаллаҳои 13, 14 ва 15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковский сафарбар карда шуданд.

Донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар минтақаи вобасташудаи маҳаллаҳои 13, 14 ва 15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковский дар тозаю озода кардани гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, гирду атрофи биноҳои баландошёна, тоза намудани баргҳои хушкшударехтаи дарахтон ва баровардани партовҳо саҳм гузоштанд.

Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ низ шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он беш аз 700 нафар донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон иштирок какрданд. Онҳо баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва истиқомати шаҳрвандони шаҳри Душанбе, дар саҳну гирду атрофи бинои асосии таълимию маъмурии донишгоҳ, Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки Шифобахш ва хобгоҳҳои донишгоҳ дастаҷамъона ширкат варзиданд.

Дар шанбегӣ саҳн ва гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, Маҷмааи таълимии шаҳраки Шифобахш ва хобгоҳҳои №1-7-и донишгоҳ, ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбонҳои Рудакӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Саноӣ, Самад Ғанӣ, Шукуфон, Алишер Навоии воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳори Душанбе тозаю озода карда шуда, бехи дарахтону буттаҳо ва гулҳои садбарг нарм карда шуданд.

Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ин иқдомро дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин, ҳамаруза кормандони бахши хоҷагидорӣ бо меҳнати софдилонаи худ саҳну гирду атрофи биноҳо, роҳравҳо, гулгаштҳои дохили донишгоҳ ва ҷӯйборҳои обгузар, роҳравҳо, истгоҳҳо, гулгаштҳои хиёбони Рудакии назди донишгоҳро, дар маҷмуъ гирду атрофи иншоотҳои Донишгоҳи тиббиро, ки гушае аз зебогиҳои Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад, тозаю озода ва зебову покиза мегардонанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ободу зебо ва тозаю озода гардонидани пойтахти Ватани азизамон саҳмгузорӣ менамояд.

 

Хадамоти ректор.

 


16
15
14
13
12
11
10
09
08
07
06
05
04
03
02
01
25.09.2021 52