Иштироки деканати факултети педиатрӣ дар шанбегӣ

Иштироки деканати факултети педиатрӣ дар шанбегӣ

Дар санаи 29-уми майи соли 2021 мувофиқи нақшаи баргузории ҳашарҳои умуминоҳиявӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон деканати факултети педиатрӣ ва 40 нафар донишҷӯёни факултети педиатрӣ бо роҳбарии декани ҳамин факултет Усманова Г.М. дар шанбегӣ иштирок намуданд. Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни курси 2-юми факултети мазкур фаъолона иштирок намуда, қитъаи ба онҳо вобасташуда дар Хиёбони Рӯдакӣ (аз боғи Аҳмади Дониш то Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) ва ҷӯйборҳои онро аз партовҳо, баргу навдачаҳои дарахтон тоза намуданд. Инчунин дар атрофи Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳайати раёсати донишгоҳ, деканҳо, муовинони деканҳо ва устодон ҳашари умумӣ гузарониданд, ки дар он декани факултет Усманова Г.М., муовини декан Фузайлова М.С. ва коргузор Маллаев Т. низ саҳми худро гузоштанд.

                                                                            Деканати факултети педиатрӣ



6
5
4
3
2
1
29.05.2021 43