Интихоби мо - Пешвои миллат

Интихоби мо - Пешвои миллат

Рӯзи 14 сентябр дар толори "Синои" донишгоҳ ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳти унвони «Интихоби мо-Пешвои миллат» баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ҳусни оғоз бахшида, оид ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам гаштани пояҳои давлатдории тоҷикон, барқароршавии сулҳу субот дар кишвар ва таъмини рушди босуботи иқисодиёти мамлакат андешаҳои хешро ба аҳли толор иброз дошт. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки дар он барои халқи тоҷик ба ҳайси Сарвари давлати тозубунёди тоҷикон интихоб гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи муҳими дорои аҳамияти бузурги таърихӣ буд.   Зеро дар муддати кӯтоҳ мардуми Тоҷикистон дар шахсияти ин марди ҷасуру соҳибтадбир Сарвари оқил, ҷасур, хирадманд ва маҳбуби худро дарёфтанд.

Имрӯз ҳар як шаҳрвандони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки Ватани озоду обод ва давлати мустақил дорем, ки роҳбарии онро инсони соҳибдил ва сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд. Пас пешбарии номзадии ин марди худодод ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа ифтихори ҳар шаҳрванди соҳибдили ҷумҳурии азизи мост.

Сипас, ректори донишгоҳ риштаи суханро ба муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ дод. Номбурда зимни баромадаш қайд кард, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он шароит инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллати худро аз маҳвшавӣ ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале ба майдони сиёсат ба хушбахтии халқи мо ҷавонмарде ворид гашт, ки ин масъулияти бузурги таърихиро ҷасурона ба зиммаи хеш гирифта, бо боварии қавию эътимоди баланд иброз дошт: «Ман ба халқам сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам». Ин садое буд, ки дер гоҳ мардум интизораш буданд ва ӯ коре кард, ки ҷанги бародаркуш хотима ёфт, гурезаҳо баргаштанд, сулҳ пойдор шуд. Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард ва дар муддати начандон тӯлонии таърих ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.

Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Халқи соҳибтамаддуни мо пайваста мекӯшад Ватанаш ободу зебо гардад ва ҷаҳониён бубинанд, ки ин мардуми баору номус Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои муаззами худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаннати рӯи замин гардондаанд.

Назарзода Ризо Шодӣ афзуд, ки дар чунин вазъияти ҳалкунанда дар қатори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гаштани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд мояи сарфарозии ҳар яке ҷавони ҳушманди ҷумҳурӣ бошад.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои химия, профессор У.Р. Раҷабов, н.и.т., муовини аввали директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Собирзода А.Ҷ., устоди кафедраи таълими асосҳои дарунӣ, н.и.т., Маҳмудзода Х.Р. ва аспиранти донишгоҳ Манучеҳр Давронзода ба сухан баромада, тарафдории хешро аз номзадии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президентии ҶумҳурииТоҷикистон иброз намуданд.

Ворисони Сино


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
15.09.2020 163