Имтиҳонҳои даврӣ дар курси 4-уми факултети тиббӣ

Имтиҳонҳои даврӣ дар курси 4-уми факултети тиббӣ

Санаи 21.04.2021 ҷонишини декани факултет дар курси 4-ум Ахмедов Ф.С. имтиҳонҳои даврии курси 4-уми факултетро дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ ташкил ва баргузор намуд. Пеш аз супоридани имтиҳонҳо ҷонишини декан бо донишҷӯён оиди риояи қатъии қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ, хусусан пешгирии сироятёбӣ аз вируси COVID-19 (пӯшидани ниқоби тиббӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳудуди донишгоҳ), риояи ҳатмии пӯшидани либосҳои тавсиявӣ, супоридани маблағи боқимондаи шартномаи таҳсил ва иҷро намудани кори мустақилонаи донишҷӯ (КМД) дар сайти student.tj корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд. Ҳангоми супоридани имтиҳонҳо донишҷӯён ба қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ риоя намуданд ва мушкилоти ҷиддӣ ба миён наомад.

                                                                       Деканати факултети тиббӣ


22.04.2021 40