Ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ

Ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ

Имрӯз 25-уми майи соли 2021 Вилданшин Дамир Кавиевич рисолаи номзадии худро ҳимоя кард. Номбурда рисолаи номзадияшро дар мавзӯи "Бемориҳои ғайрикоронарогении миокард, ҷанбаҳои тафриқӣ-ташхисӣ бо бемории ишемикии дил", барои дарёфти унвони номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.04- бемориҳои дарунӣ пешниҳод намуд.

Ҳангоми ироаи маълумот дар мавриди муҳтавои рисола унвонҷӯй Вилданшин Д. К. ба аҳамиятнокиии мавзӯъ ишора намуда, гуфт, ки бемориҳои ғайрикоронарогении миокард (БҒМ) яке аз проблемҳои мураккаб дар клиникаи бемориҳои дарунӣ ба ҳисоб рафта, ҳам усулҳои нави ташхис ва ҳам табобати аз ҷиҳати патогенетикӣ асоснокро талаб мекунад. Ба ҳиссаи умумии бемориҳои ғайрикоронорогении миокард тақрибан 15%-и ҳамаи беморони кардиологӣ, ки дар шуъбаҳои кардиологӣ бистарӣ шудаанд, рост меоянд, ки дар байни онҳо кардиомиопатия (КМП), КМП дилатасионӣ (КМПД),миокардитҳои паҳнёфта (МП) ва миокардиодистрофия (МД) аҳамияти калон доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ташхиси бемории миокард бо истифода аз технологияҳои такмилёфта дар сатҳи муосир гузаронида мешавад. Аммо бисёр ҷанбаҳои каммаълуми дар боло зикршуда то ҳол кам омӯхта шудаанд ва актуалӣ боқӣ мемонанд. Ин вазъият ба афзоиши ҳамарӯзаи омилҳои хатари БҒМ иртибот дорад ва татбиқи усулҳои нисбатан васеи таҳқиқотро талаб мекунад. Дар робита аз ин, дар пажӯҳишҳо таҳқиқотҳои бактериологӣ, вирусологӣ сурат гирифта, ҳамчунин гузаронидани санҷишҳои гуногуни сарбориҳои тафриқӣ муҳим шуморида мешаванд. Дар ин самти таҳқиқотҳои гузаронидашудаи зикршуда дар ҷанбаи муқоисавии байни БИД ва БҒМ анҷом дода шудаанд. Дар айни замон, дар кардиологияи амалии бисёр кишварҳои ҷаҳон меъёрҳои ягонаи ташхис ва стандартҳои клиникӣ дида намешавад.

Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот, қайд менамояд, натиҷаҳои диссертатсия имконият медиҳанд, ки алгоритми махсуси ташхисии таҳқиқоти беморони мубтало ба БҒМ таҳия карда шавад, ки ин метавонад барои табибони тибби амалӣ, кардиологҳо ёрирасон бошанд. Истифода карданиаломатҳои тафриқавии ошкоркардашуда ва гузаронидани санҷишҳои сарбории добутаминӣ дар беморон ба табибони амалӣ имконият медиҳад, ки ташхиси тафриқии БҒМ ва БИД- ро самараноктар гузаронанд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти санҷишҳои сарбории добутаминӣ мумкин аст, ки ба таври мақсаднок зарурати гузаронидан ва ё истисно кардани коронарография тавсия карда шавад. Муаллифи диссертатсия ҷамъоварии маълумотҳои аввалия, коркард ва таҳлили маводи клиникиро мустақилона гузаронидааст. Ӯ минбаъд баҳодиҳии онҳоро мустақилона иҷро кардааст. Бо иштироки шахсии диссертант дизайни таҳқиқот таҳия гашта, мураттаб сохтни мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, муоинаҳои динмикии беморон, коркарди омории мавод ва таълифи рисоларо шахсан худи муаллиф иҷро намудааст. Таҳқиқот ва муроқибати беморонро шахсан худаш анҷом додааст. Тавре ки Шӯрои диссертатсионӣ қайд менамояд, кори таҳқиқотии Вилданшин Д. К. илман асоснок буда, натиҷаҳои он арзиши баланди илмиву амалӣ дорад. Мавзӯи таҳқиқот мубрам ва аҳамиятнок аст, бинобар ин аъзои шӯрои диссертатсионӣ қарор намуд, ки он ба талабот ҷавобгӯ буда, муаллиф ба дарёфти унвони номзади илмҳои тиб сазовор мебошад.

Зимнан, дифои рисолаҳои илмӣ боз як муваффақияти олимони ҷавони МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино"дар фазои илми тибби кишвар мебошад, ки барои мустаҳкам кардани пояи илмии ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.

                 Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


4
3
2
1
25.05.2021 104