Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда

Илми тибби асри XXI- назаре ба оянда
Баргузории 67–умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки намояндагони хориҷӣ таҳти унвони “Илми тиби асри XXI- назаре ба оянда”, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва 80-солагии донишгоҳ далели густариш додани равобити илмию амалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳҳои мухталифи хориҷӣ мебошад.
Дар конференсия баробари олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ, намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, чун Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Озорбойҷон, Украина, Швейтсария ва Туркия ширкат намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.,и.,т., профессор Гулзода М.Қ. оғоз намуд. Сипас бо сухани табрикотӣ муовинони вазири тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, президенти Академияи илмҳои ҶТ ва Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА ҶТ, намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва табобатии ватанию хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баромад карданд.
Конференсияи мазкур мувофиқи барнома чунин масоилро матраҳ намуд:
1. Таърихи хадамоти педиатрӣ ва саҳми педиатрҳо дар рушди он;
2. Саҳми олимони ҷарроҳи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар илм ва ҳифзи тандурустии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Дастовардҳои илмии олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи доягӣ ва гинекология;
4. Баҳогузории ҳолати функсионалии организм- асосҳои фундаменталии тибби профилактикӣ
Дар 6 ҷаласаҳои сексионии конференсия 157 маърӯза аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ бо ширкати беш аз 70 нафар олимону намояндагони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва табобатии 20 кишвари хориҷӣ таҳлилу баррасӣ гардид.
Маводи конференсия дар шакли 3 ҷилд маҷмӯаи илмӣ иборат аз 880 фишурдаи илмӣ, аз ҷумла 280 мавод аз ҷониби намояндагои кишварҳои хориҷӣ дар маҷмӯаи алоҳида ҷамъоварӣ гардида, дар шакли Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Илми тиби асри XXI- назаре ба оянда”, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва 80-солагии донишгоҳ нашр гардида, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод шуд.
Дар анҷоми конференсия бо мақсади истифодаи дастовардҳои илми тибби муосир дар амал ва раванди таълим Резолютсияи конференсия ќабул карда шуд.
Зимнан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом доштанд. Рушд ва такомули соҳаи сайёҳӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ равона шуда, хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд таъмин менамояд, ки боиси таваҷҷуҳи бештар пайдо кардани меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистони биҳиштосо мегардад. Ин аст, ки иртиботи масъалаҳои мубрами илми тиб, муҳити зисту тандурустӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар рушду такомули соҳаи саёҳии байналмилалӣ диққати кулли иштирокчиёни конференсияро ҷалб намуда, байни маърӯзачиён ва шунавандагон баҳсу мунозира ва пешниҳодҳо ба миён омад, ки он аз бетараф набудани иштирокчиён ба ин масъала дарак медиҳад.

Маводҳои конференсия:
Қисми 1
Қисми 2
Қисми 3
Резолютсияи конференсия
Таибов С.А. сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия
Турсунова З.Г. сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

Оғози конференсияи байналмилалӣ
Оғози конференсияи байналмилалӣ
Оғози конференсияи байналмилалӣ
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаи пленарии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
ҷаласаҳои сексионии конференсия
Ҷаласаҳои сексионии конференсия
Маросими ҷамъбасти конференися
Маросими ҷамъбасти конференися
Маросими ҷамъбастии конференсия
Маросими ҷамъбастии конференсия
Маросими ҷамъбастии конференсия
Маросими ҷамъбастии конференсия
Маросими ҷамъбасти конференсия
30.11.2019 395