Ифтихори ватандорӣ

Ифтихори ватандорӣ

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино аз рӯи нақша санаи 04.05.21с. ҷаласа дар мавзӯи “Ифтихори ватандорӣ” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра д.и.т., профессор Исмоилов К. И., дотсентони кафедра Юсупова М.А., Давлатова С. Н.,омӯзгорон Ходжаева Н.Н., Мухаммаднабиева Ф.М., Курбонов Н.М., Давлатов С.Т., Джумаева Л.Ф., Шарипова М.М. ва Зайниддинова П. К., Нуралиева Г.М., мудирони шӯъбаҳои кӯдакона Шарипов Ш. О., Маҷнунов А. Н., Зарипов А. Ш., Шамсуллоев И. С., Боймирзоев А. Х., Саъдуллоев Р. С. ,Одинаев С., духтурони шӯъбаҳои кӯдакона,донишҷӯёни курси 5 ва 6 факултети тиббӣ, ординаторони клиникӣ ва интернаҳо иштирок доштанд.

Ҷаласаро мудири кафедра, д.и.т., профессор Исмоилов К. И. кушода қайд намуд, ки Ватани ҷоноҷон-Тоҷикистони азиз, бо миллати мутамаддин, бо забони фасеҳ, бо таърихи бойи аҷдодонамон ифтихор менамояд. Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Тоҷикистон-давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба меҳнат, манзил, таҳсил, истироҳат, кафолати таълими иҷтимой ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем.

Ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ва ҳамеша шукри итстиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.

Ҷаласаи тарбиявӣ бо саволу ҷавобҳо аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон ба охир расид.

Мудири кафедра  -  Исмоилов К. И

Мутасадди оид ба корҳои тарбиявӣ  -  Юсупова М. А.

 


05.05.2021 50