Гузориш аз ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ворисони Сино” –и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар ноҳияи И.Сомонӣ

Гузориш аз ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ  “Ворисони Сино” –и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”  дар ноҳияи И.Сомонӣ

Дар бинои шаҳраки “Шифобахш” бо иштироки аъзоёни ҳизбии донишгоҳ ҳисоботи солонаи ташкилот баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз ташкилоти КИҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷ., Сайдализода Ш., Мухамадуллоева З. ва Муродзода Ф., инчунин муовини ректор МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” Ибодзода Саидмуқим Тиллохоҷа иштирок намуданд.

Дар он бо маърузаи ҳисоботӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ворисони Сино” дар донишгоҳ профессор Д.С. Шерматов оид ба ҷамъбасти фаъолияти ҳизб дар соли 2020 сухан ронд. Маърузачӣ оид ба тамоми самтҳои фаъолияти ташкилот гуфта гузашт. Сипас   муовини ректор оид ба таълим профессор Ибодзода С. Т., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ профессор Саидов А. С., мудири кафедраи биология Холбегов М. Ё., мудири маркази Стоматология Одиназода И. ва роҳбари дастгоҳ, муовини раиси Кумитаи иҷрояи ХХДТ дар н. И. Сомонӣ. Ҷурахонзода Ҷ. оид ба ҳисоботи солонаи ташкилот фикру мулоҳиза ва пешҳниҳодҳои худро иброз доштанд.

Дар идомаи маҷлис аз тарафи КИ ҲХДТ ба якчанд нафар кормандони кафедраҳои донишгоҳ ботантана дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд.

Қобили қайд аст, ки бори аввал гуруҳи калони кормандони донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар тамоми маракаҳои ҳизбӣ бо “ИФТИХОРНОМА” ва “СИПОСНОМА” сарфароз гардиданд. 

Муовини раиси ташкилот  -  Шерматов Д.С.


6
5
4
3
2
1
12.01.2021 111