МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҳайати меҳмононро аз Ҷумҳурии Қазоқистон қабул намуд

МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҳайати меҳмононро аз Ҷумҳурии Қазоқистон қабул намуд
Аз санаи 19 то 20 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе рузҳои тибби Қазоқистон гузаронида шуд. Дар рафти ин чорабиини ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ректорони муассисаҳои олии тиббии кишвари Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт: ба монанди ректори Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендиярова д.и.т., профессор Нургожин Т.С., ректори Донишгоҳи тиббии Қарағанда д.и.т., профессор Р.С. Достмагамбетова, ректори Донишгоҳи тиббии Астана д.и.т. профессор Павалкис Д., ректори Донишгоҳи тиббии Семей д.и.т. Жунусов Е.Т., ва ректори Академияи тиббии Қазоқистони ҷанубӣ. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкори дар самти иштироки ҷонибҳо дар лоиҳаҳо байналмилалӣ дар соҳаи тиб, ба роҳ мондани мубодилаи академӣ ва омода намудани кадрҳои соҳа ибрози назар намуданд.
Ҷиҳати боз ҳам равнақ додани донишгоҳ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. дар рафти баргузории рузҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор муассиаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошти тафоҳум оди ба ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонид. Ёддошти тафоҳум бо муассисаҳои зерин ва тавсиб расонида шуд:
1) Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендиярова;
2) Донишгоҳи тиббии Семей;
3) Инстути илмӣ-тадқиқотии травматология ва ортопедия;
4) Маркази илмии акушерӣ, гинекологӣ ва паринатологӣ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

ГОУ ТГМУ им. Абуали ибни Сино принимает гостей из Казахстана
ГОУ ТГМУ им. Абуали ибни Сино принимает гостей из Казахстана
ГОУ ТГМУ им. Абуали ибни Сино принимает гостей из Казахстана
21.12.2019 426