Филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба донишҷӯёну омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таассуроти нек бахшид

Филми  ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба донишҷӯёну омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таассуроти нек бахшид

    Рӯзи 19 декабри соли 2018 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар      4 толори барҳавои донишгоҳ филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ»-ро донишҷӯёну омӯзгорони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дастаҷамъона тамошо карданд.


     Филми мазкур аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят намуда, саҳифаҳои дурахшони барқарорсозии Ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон, ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат барои мустаҳкамсозии пояҳои давлатдории тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолиро ба тамошобин намоиш медиҳад. Мавриди қайд аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба филми «Марди роҳ» мароқи зиёд зоҳир намуда, онро бо завқи калон тамошо намуданд ва таасуроти нек бардоштанд.


      Намоиши якҷояи чунин филмҳои таърихӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии онҳо ва ҳидояти насли ҷавон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ нақши босазо мегузорад ва аминем, ки филми мазкур дар ин кори наҷиб нақши босазои худро мегузорад.

 

Рӯзномаи «Ворисони Сино»


19.12.2018     92