Фалак – ганҷинаи мусиқии мардумӣ

Фалак – ганҷинаи мусиқии мардумӣ

Дар давраи истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақому Фалак ба таври шоиста арҷгузорӣ гардид. Воқеан, санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад, ки имрӯз дар муҳити нави рушди фарҳанг анъанаҳои беҳтарини он идома дошта, бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст. Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми мост.

4 августи соли 2007 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октбярро Рӯзи фалак эълон карда буданд.

Ҳамасола даҳуми октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи фалак, ки хусусиятҳои хоси он бадоҳатан иҷро гардидааст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд, ботантана ҷашн гирифта мешавад.

13 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» бахшида ба Рӯзи фалак чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар асоси даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва супориши роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар чорабинии мазкур 50 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ иштирок намуда, аз таронаҳои дилангези ин дурри бебаҳои фарҳангии мардуми тоҷик баҳраманд гардиданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ барномаи консертии ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, ҳунармандони шинохта ва ҷавонони соҳибистеъдод пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Дар ин барнома шеъру оҳангҳои халқиву шоирони классику муосир аз ҷониби аҳли ҳунар бо маҳорати хосса суруда шуданд. Мусиқии фалакӣ, ки аз қадим хоси миллати тоҷик буда, мардум тавассути он розу ниёз, сӯзу гудоз, шикоят, муноҷот, шодию сурури худро ба афлок баён медошт, рӯҳи худро оромиш мебахшанд. Дар ин шоми фарҳангӣ садои рӯҳбахши ҳофизони фалаксаро ба қалбҳо нишоту сурур бахшид.

Сайфутдинова М.Б.-

раиси Шӯрои занон ва духтарон, н.и.т., дотсент


03
02
01
14.10.2021 36