Энергетика- аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон

Энергетика- аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини иқтисодиёти Тоҷикистон

Айни замон, ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, бахши саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро бидуни истифодаи неруи барқ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои ҳар давлати муосир энергетика бахши статегии иқтисодиёти он маҳсуб мешавад. Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст, барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ, ки яке аз он ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ба ҳисоб меравад, барои 15 соли оянда муайян шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти муҳим доштани соҳаи энергетика дар сиёсати давлатии Тоҷикистон зарурати танзими мушаххаси ҳуқуқии масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳа ба миён меояд. Дар ин соҳаи муҳими энергетикӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои соҳаи мавҷудаи ҳуқуқӣ, инчунин андешидани тадбирҳо доир ба истифодаи оқилонаву сарфакорона аз захираву имкониятҳои энегетикии кишвар, дуруст ба роҳ мондани истифодаи ҳарчи пурра ва самарабахши иқтидорҳои иншооти мавҷудаи энергетикӣ, андешидани тадбирҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар навбати аввал меистад. Тавре ки аён аст, аз ибтидои қарни бистум, энергетика муҳаррики прогресси илмию технологӣ ва заминаи рушди босуръати иқтисодиёти ҳар мамлакат гаштааст.

Энергетика, аз ҷумла барои Тоҷикистон, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини иқтисодиёти он маҳсуб меёбад. Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэенергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар афзоиш ёбад. Қайд гардид, ки истифодаи васеи манбаҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.

Бояд қайд намуд, ки Паёми Президенти ҶТ ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ва санади стратегии ҳадафманд ба тарзи масъалагузорӣ ва шарҳи зарурати он, таҳлили мушаххас ва хулосабарориҳо санади муҳимтарини ҳар як сол аст ва дар амал татбиқ гаштани вазифаҳои дар он гузошташуда, кулли масъалаҳои муҳимми ҷомеа роҳи ҳалли худро пайдо намуда, аз ҷумла рушди муътадили низоми иқтисодии мамлакат таъмин карда мешавад.

Турсунова З.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.10.2021 46