ДУШАНБЕ - ШАҲРИ СУЛҲУ ТАМАДДУНОФАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

ДУШАНБЕ - ШАҲРИ СУЛҲУ ТАМАДДУНОФАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

«… Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлат ва маскани маъхазҳои бузурги илму маърифат, фарҳангу маданият имрӯзҳо барои сокинони сайёра ҳамчун шаҳри Сулҳ муаррифӣ шудаву маркази тоҷикони ҷаҳон эълон гардидааст. Сад шукри Истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фарҳангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамолики хориҷӣ фаъолият доранд. Ҷавонони зиёде аз давлатҳои хориҷ дар муассисаҳои олии дар шаҳри Душанбе воқеъ буда, ба хусус дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, таҳсил мекунанду бо ҷавонони тоҷик пайванди дӯстӣ бастаанд. Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гаштааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар саросари кишвар ҷашни «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фазои дӯстию якдигарфаҳмӣ ва мутантан таҷлил мегардад.

Ба муносибат “Рӯзи пойтахт” ва ҳамзамон эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”, санаи 13-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректор МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва шабакаи телевизионии “Сафина” дар ҳамкорӣ бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, кафедраҳои забони тоҷикӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ дар саҳни бинои асосии донишгоҳ барномаи адабию фарҳангии хубу хотирмоне баргузор шуд. Дар чорабинӣ аъзоёни дастаи “Шифо”, ки аксаран донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Канада, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон буданд дар васфи пойтахти кишвари тоҷикон, шаҳри Душанбе андеша рондаву шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯёни ҳинду сурудҳои “Шаҳри Душанбе” ва “Гулҳои Душанбе”-ро бо забони ноби тоҷикӣ ва маҳорати баланд сароида, Душанберо ватани дуюми худ арзёбӣ карданд.

Омӯзгорони кафедраҳои забони тоҷикӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ, низ дар навбати худ оид ба таърихи шаҳри Душанбе ва Душанбеи имрӯза андешаҳои басо ҷолиберо дарҷ намуда, таъкид доштанд, ки ба зебогиҳои ин шаҳр назар карда, бемуҳобо онро шаҳри ҷавонӣ метавонем ном бурд.

Ҷавод Каримӣ донишҷӯи курси 6-ум, узви фаъоли дастаи “Шифо”-и назди бахши маркетинги иҷтимоӣ аз Ҷумҳурии Афғонистон иброз дошт, ки: “Бисёр шодам, ки дониши тиббии худро дар ин давлат ва аз устодони бомаҳорату соҳибтаҷрибаи ин донишгоҳ омӯхта истодаам. Ба ман шаҳри Душанбе бениҳоят писанд аст. Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва мардуми меҳмоннавозу сарбаланд мебошад. Боиси зикр ва ифтихор аст, ки намояндагони дигар кишварҳо ин шаҳри азизро ба унвони олии “Душанбе - шаҳри сулҳ” мушарраф гардониданд. Аз ин бар меояд, ки тоҷикон бо сулҳу ваҳдати худ маъруфи ҷаҳон гаштаанд. Ин маъруфияту ин маҳбубияти шуморо мо ҳамеша ситоиш мекунем”.

Барномаи адабӣ бо садо додани суруди “Шаҳри Душанбе” аз ҷониби донишҷӯёни ҳинду ба анҷом расид.

Боиси зикр аст, ки барнома аз ҷониби шабакаи телевизионии “Сафина” пурра ба навор гирифта шуда, пахши он дар соати 18:30-и санаи 15-уми апрел тавассути шабакаи номбурда намоиш дода шуд.

Бахши маркетинги иҷтимоии

Хадамоти ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”


17.04.2021 23