ДУХТАРОНИ СОҲИБИҚБОЛ

ДУХТАРОНИ СОҲИБИҚБОЛ

Ташаккул ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ислоҳоти ҷиддии соҳаи маориф ва дар ин радиф тайёр намудани кадрҳои баландихтисосро тақозо намуд. Дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ниҳоят муҳимми таҳсилотро дар барқарорию мустаҳкамшавӣ ва рушди Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол борҳо таъкид кардаанд. Новобаста аз мавҷудияти душвориҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба он афзалияти бештар додаанд. Сиёсат, мақсад ва вазифаҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикр гардида, ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият онҳо дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Консепсияи давлатии ислоҳоти таълиму тарбия, Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва барномаҳои дигари қабулгардидаи соҳа мушаххас гардонида шуданд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии занону духтарон, алалхусус занону духтарони манотиқи дурдаст ва деҳот пайваста талош намуд ва тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ, бахусус аз манотиқи дурдасти кӯҳистон, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати кадрии давлат ба шумор мерафт. Зеро даврае фаро расида буд, ки дар синфхонаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз манотиқи дурдаст ва кӯҳистон қариб ягон нафар духтар дида намешуд. Аз ин рӯ, бо супориши Пешвои миллат дар заминаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» бо мақсади ҷалби духтарони деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ ба мактабҳои олӣ ва фаро гирифтани онҳо бо илму дониш ва ба ин васила равнақ додани илму маърифат дар маҳалҳои кӯҳистон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» қабул гардид. Ҳарчанд ки то қабули ин қарор аз соли 1997 бо супориш ва ҳидоятҳои Президенти муҳтарами кишвар ин кор аллакай ба роҳ монда шуда буд ва он тарҳрезӣ гардида, ба низом дароварда шуд ва ин анъанаи нек то ҳол идома ёфта, ҳазорҳо духтарони маҳаллӣ соҳиби илму маърифат, касбу ҳунар гардида, дар пешрафти ҳаёти иҷтимоивуи қтисодии кишвар, махсусан дар маҳалҳо саҳми босазо гузошта истодаанд. Тибқи квотаи Президентӣ духтарони шаҳру ноҳияҳои дурдасту кӯҳистони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама, аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ин маҳалҳо зарур ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Духтарони дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда баробари хубу аъло хондан дар корҳои ҷамъиятии муассисаҳои таълимӣ ва ҳаёти фарҳангию маърифатии шаҳру ноҳияҳо низ фаъолона иштирок менамоянд. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ аллакай дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар кору фаъолият дошта, бинобар касбияти баланди худ ҳатто роҳбар ва соҳибэҳтиром гаштаанд. Ин суханон аз он бармеоянд, ки Президенти муҳтарами кишвар ба кадом шаҳру ноҳияе сафар накунанд, ҳатман духтароне, ки тибқи квота таҳсил карда, соҳибкасбу соҳибмақом гаштаанд, миннатдории худро баён мекунанд. Бахусус, духтарони ноҳияҳои Рашту Сангвор, Тоҷикободу Нуробод, Лахшу Роштқалъа, Дарвозу Мурғоб ва шаҳру ноҳияҳои дигар, ки аз нарасидани табибон танқисии зиёд мекашиданд, изҳор медоранд, ки маҳз бо квотаи ҷудонамудаи Президенти кишвар, муҳайё намудани шароит ва муҳити хуби таълиму тарбия соҳибмаълумоту соҳибҳунар гашта, инак барои пешрафти ҷомеа дар ноҳияҳои худ фаъолият намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Онҳо, бешак, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти маҳалли худ, бештар аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ софдилона кор карда, дар маърифатнокӣ ва сиҳатмандии ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки барои духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи духтарони ноҳияҳои дурдаст бо ҷойи хоб дар хобгоҳҳои муҷаҳҳазгардонидашуда таъмин мешаванд. Ҳамчунин, дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии занон «Сарвар» ва дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» таъсис дода шудааст, ки духтаронро аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, хусусан духтарони ятим ва аз оилаҳои камбизоат фаро мегиранд. Ин муассисаҳо аз тарафи Барномаи тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигар маблағгузорӣ ва дастгирӣ ёфта, дар ҳарчи бештар саводноктар гаштани духтарон саҳми беандоза мегузоранд. Ба онҳо шароити хубтари таълиму тарбия муҳайё гашта, духтарон дар курсҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва компютер дарсҳои иловагӣ мегиранд, ҷаҳонбиниашон ташаккул ва рушд ёфта, ҳамчун роҳбарони оянда барои соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва ҳаёти ҷамъиятӣ ба воя мерасанд.

Ҳамчунин, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд гардонидани духтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳаҷми муайян идрорпулӣ ва кумакҳои дигари моддӣ расонида мешаванд.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар тайёр намудани мутахассисон тибқи квотаи Президентӣ аз рӯзҳои аввал саҳмгузори асосӣ аст. Аз соли 1997 то ба имрӯз 1761 нафар духтарон аз минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дохил шуда, 1123 нафари онҳо таҳсилро хатм намуда, соҳиби касби табибӣ шуданд ва ҳоло дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дар факултетҳои Донишгоҳи тиббӣ 502 нафар духтарон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд, ки 47 нафари онҳо соли таҳсили 2021-2022 ба ин даргоҳи муқаддас дохил шуданд ва боварӣ ҳаст, ки ин духтарони соҳибиқбол низ хубу аъло хонда, соҳибкасб мешаванд ва содиқона меҳнат мекунанд.

 

Мунфиза Сайфутдинова,

н.и.т., раиси Шӯрои занон ва духтарон

 


12.10.2021 45