Дар МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино"имтиҳоноти дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантураи рӯзона ва магистратура баргузор шуд

Дар МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино"имтиҳоноти дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантураи рӯзона  ва магистратура баргузор шуд

Рӯзҳои 05-08 октябри соли ҷорӣ дар МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" имтиҳонҳои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), аспирантураи рӯзона ва магистратура дар соли таҳсили 2021-2022 баргузор шуд.

Назорати раванди имтиҳонҳо ба муовини ректор оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатзода Ҷ.Қ. ва кормандони шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ равона шудааст.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо масъулини шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмии донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Дар назар аст, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо рӯзи 11-уми октябр эълон карда шавад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


09.10.2021 36