Вохури бо сафири Фаронса

Вохури бо сафири Фаронса

Санаи 19 феврали соли ҷорӣ Ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»  Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот доир намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, барномаҳои мубодилаи академӣ, интирок дар озмунҳои грантӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ доир ба дастовардҳои МДТ “Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар солҳои ахир маълумот дод. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокдорон атрофи таблиғи фарҳанги Фаронса дар донишгоҳ ва гузаронидани рӯзҳои намоиши дастовардҳои фарҳангии Xумҳурии Фаронса дар  дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” табодули афкор сурат гирифт. 


6
5
4
3
2
1
20.02.2021 94