Чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи артиши миллӣ» дар кафедраи тибби ҳарбӣ

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи артиши миллӣ»  дар кафедраи тибби ҳарбӣ

Дар кафедраи тибби ҳарбии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” чорабинии васеъ бо иштироки афсар-омӯзгорон, шуъбаи фарҳанги донишгоҳ, донишҷӯёни курси 2,3,4-уми ҳамаи факултетҳо ва сарбозону афсарони қисми низомии 12019 бо садо додану сурудани суруди миллӣ оғоз гардид.

Чорабинии мазкурро Сардори кафедра полковники х/т Баротов З.И. ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ иброз дошт: “Ҷавонон, ки ояндаи давлатамон мебошанд, бояд ҳамеша тайёр ва омода бошанд, то ҳар лаҳза манфиятҳои миллату давлатро дифоъ карда тавонанд”. Аз ҷумла қайд намуд: “Имрӯз боиси хурсандӣ ва ифтихори мо афсарон аст, ки дар арафаи 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши мо сипари боэтимоди халқу Ватани азизамон мебошад.”

Сипас мудири кафердаи фанҳои ҷомеъашиносӣ д.и.ф., профессор Саидов А.С., ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфт. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки Ватани азизро ёд мегиранд.”

Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳҳои таълимии ҳарбӣ, пушидани ниқоби зиддигазӣ, либосҳои муҳофизати кимиёвӣ ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ дар майдони ҷангро пешкаши ҳозирин гардониданд.

Инчунин, аз ҷониби сарбозону афсарони қисми низомии 12019-и баталиони сулҳҷӯёна машқҳои омодабошии ҷангӣ ва ҳаракатҳои мавзуни ҳарбӣ дар бинои таълимии шаҳраки Шифобахш гузаронида шуд.

Ногуфта намонад, ки чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони телевизиони Сафина ба навор гирифта шуда, санаи 23.02 соли 2021 тавасути оинаи нилгун, дар барномаи «Дар ин замона» намоиш дода мешавад.

Роҳбарияти кафедраи тибби ҳарбӣ


4
3
2
1
23.02.2021 132