Боздиди устодони кафедраҳои акушерӣ ва гинекологияи донишгоҳ аз таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Боздиди устодони кафедраҳои акушерӣ ва гинекологияи донишгоҳ аз таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 07.07 соли 2020, таҳти №508 як гурӯҳ устодони таҷрибадори кафедраҳои акушерӣ ва гинекологияи №1 ва №2-и донишгоҳ дар ҳайати д.и.т., профессор Абдураҳмонова Ф.М., дотсентон Қодирова С.Ғ., Абдуллоева Р.А., ассистентон Шералиева М.Ғ., Шарипова М.Б., Саидова Т., Мирраҳим М., Акрамӣ П.С. бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва таҳлили протоколҳои клиникӣ дар ин самт санаи 21-24 июли соли 2020 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ доштанд. Гурӯҳи кории мазкур аз таваллудхонаҳо ва сохтори КАТС-и ноҳияҳои Спитамен, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Конибодом дидан намуда, оид ба вазъи ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, амалӣ намудани протоколҳои клиникӣ, таҳлили ҳолатҳои фавт ва оризаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин аз тарафи устодони кафедраҳои донишгоҳ ба ҳамкасбони худ аз вилояти Суғд кумакӣ машваратӣ ва методӣ расонида шуд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба натиҷаи сафар ба вилояти Суғд бо таҳлил, хулоса ва пешниҳодҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол карда мешавад.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ

27.07.2020 98