БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Санаи 03 декабри соли 2025 кормандони кафедраи ТАБК, донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳи 8-уми факултети педиатрӣ ва гурӯҳи 55-уми факултети тиббӣ бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудан ва ҷиҳати боз ҳам хубтар шинос гардидани донишҷӯён бо таърихи таъсиси Донишгоҳ ва дастовардҳои он тибқи дастури роҳбарияти донишгоҳ аз Осорхонаи донишгоҳ боздид намудаанд.
Дар Осорхона якчанд утоқҳо омода карда шуданд (утоқӣ Президентӣ, ҳуҷраи дастовардҳои ректорҳо, ҳуҷраи ҳамкориҳои байналмилалӣ), ки бо ҳамроҳии донишҷӯён тамоми Осорхонаро дидан намуданд.
Мақсади асосии осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ, бақайдгирии таҳқиқ, ҳуҷҷатнигорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ истифодаи дуруст, ташкил, такмили фонди осорхонавии донишгоҳ, масъалагузории проблемаҳои осорхонавӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ба тамошо муҳайё сохтани дастовардҳои Донишгоҳ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ мебошад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.