БОЗДИД АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

БОЗДИД АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

9- сентябри соли 1991 офтоби бахту иқболи саодат ба рӯи миллати куҳанбунёди тоҷик хандида буд. Ин дастоварди муҳимтарини Тоҷикистон дар тӯли таърих ба ҳисоб мерафт. Баъди имзои сулҳи байни тоҷикон (27- уми июни соли 1997) обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам зиёд гардид. Чӣ давлатҳои хориҷӣ ва чӣ ташкилотҳои байналхалқӣ ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон мароқ зоҳир намуданд. Маҳз чунин мувафаққиятҳо ба Президенти ҷумҳурии мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки 30- юми сентябри соли 1999 дар ҷамъомади 18- уми Иҷлосияи 54- уми Ассамблеяи Генгералии СММ раиси намояд. Ҳамон вақт ӯ диққати ҳозиринро ба чунин масъалаҳои рӯзмарраи ҷаҳон, ба монанди мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳо ҷалб намуд. Аз ин рӯ бесабаб нест, ки соли 2000 аз тарафи корпуси байналхалқии сулҳ бо «Ҷоизаи байналхалқии сулҳ» сарфароз гардид. Маҳз чунин сиёсати дурандешона имконият дод, ки то ба имрӯз давлати 30- солаи соҳибистиқлоли моро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва бо аксари онҳо ҷумҳурии мо равобити иқтисодию дипломатӣ дорад.

Бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои 30- солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 08.10. 2021 бо иштироки 53 нафар донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз Осорхонаи миллӣ боздид карда шуд. Донишҷӯён бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аз наздик шинос шуда,  дастовардҳои 30- солаи кишварро тамошо намуданд. Боздид аз Осорхонаи миллӣ минбаъд низ дар назар гирифта шудааст.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ


11.10.2021 29