Баррасии рисолаи номзадии навбатӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ

Баррасии рисолаи номзадии навбатӣ дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ
Дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA - 025 дар назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино", ки санаи 07.05.2021 баргузор шуд, комиссияи таҳқиқотӣ рисолаи номзадии Фақиров Хушбахт Зурбайдуллоевичро дар мавзӯи: "Роҳҳои беҳтар сохтани ташхис ва табобати ҷарроҳии чурраҳои вентралӣ", ки барои дарёфти унвони номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.07 - Ҷарроҳӣ пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.
Ҳангоми пешниҳоди муҳтавои рисола унвонҷӯй Фақиров Х. З. ба мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот ишора намуда, гуфт, ки дар тӯли садсолаҳои зиёд проблемаи ташхис ва табобати ҷарроҳии чурраи вентралӣ масъалаи мубрам боқӣ мемонад. Афзудани таваҷҷуҳ ба масъалаи табобати ҷарроҳии чурраи вентралӣ табиӣ аст, зеро бурриши чурра дар замони муосир аз миқдори умумии ҷарроҳиҳои абдоминалӣ(шикам) 20-30%-ро ташкил медиҳад. Мақсади таҳқиқот беҳтар сохтани натиҷаҳои табобати беморони мубтало ба чурраи вентралӣ аст.
Шӯрои диссертатсионӣ бо шиносоӣ ба корҳои анҷомшуда дар раванди таҳқиқот, қайд менамояд, бори нахуст муқаррар карда шуд, ки яке аз сабабҳои пайдо шудани чурраҳои вентралӣ ва ретсидивҳои он, дисплазияи бофтаҳои пайвасткунанда мебошад. Таҳқиқоти унвонҷӯй имконият медиҳанд натиҷаҳои дури табобати беморони мубтало ба чурраи вентралӣ беҳтар карда шаванд. Мавзӯи таҳқиқот омӯзиши самтҳои афзалиятноки табобати ҷарроҳии чурраҳои вентралӣ дониста мешавад. Муаллиф маводро мустақилона ҷамъоварӣ ва коркард намуда, натиҷаҳои бадастовардаро таҳлилу тафсир ва натиҷагирӣ карда, бо хулосабарории амиқ пешниҳод намудааст. Муаллиф дар таҳлилу таҳқиқ мустақилона ширкат варзида, натиҷаҳои онҳоро пурра омӯхтааст. Тавре ки Шӯрои диссертатсионӣ қайд менамояд, кори таҳқиқотии Фақиров Х. З. илман асоснок буда, натиҷаҳои он арзиши баланди илмиву амалӣ дорад. Мавзӯи таҳқиқот мубрам ва аҳамиятнок аст, бинобар ин аъзои шӯрои диссертатсионӣ қарор намуд, ки он ба талабот ҷавобгӯ буда, муаллиф ба дарёфти унвони номзади илмҳои тиб сазовор мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

07.05.2021 57