Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ
Бо мақсади бозомӯзии табибони ихтисосҳои маҳдуд доир ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии корнавируси COVID-19 тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншоотҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.05.202, №395 ва барномаи аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. тасдиқгардида, санаи 2-юми июни соли 2020 дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои 40 нафар табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷониби мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ гузаронидани курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оғоз гардид. Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ тариқи интерактивӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. аз ҷониби мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи донишгоҳ н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М. ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3-и донишгоҳ д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. оид ба муоина, ташхис, табобат, реабилитатсияи беморон бо коронавируси нав ва роҳҳои худмуҳофизатии табибон аз рӯи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ - COVID-2019”, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ва таҷрибаи табибони давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуда истодааст. Курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур аз 02.06 соли 2020 то 04.06 соли 2020 гузаронида мешавад. 
Носирӣ Қ.Н. Сардори Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

02.06.2020 372