Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони шаҳри Душанбе

Баргузории курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои табибони  шаҳри Душанбе
Бо мақсади бозомӯзии табибони ихтисосҳои маҳдуд доир ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии корнавируси COVID-19 тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншоотҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.05.202, №395 аз 27.05.2020 то 29.05.2020 дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои 35 нафар табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳо ва Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби мутахассисони кафедраҳои донишгоҳ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаронида шуд.
Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. аз тарафи мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона н.и.т., дотсент Саидмуродова Г.М. ва мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафоқулова Н.И. оид ба муоина, ташхис, табобати беморон ва роҳҳои худмуҳофизатии табибон аз рӯи тавсияҳои ТУТ (ВОЗ), “Протоколи клиникии муваққатии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусии нави COVID-19 дар байни кӯдакон”, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ - COVID-2019”, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ва таҷрибаи табибони давлатҳои хориҷӣ гузаронида шуд.
Дар охири Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба табибони шаҳри Душанбе Сертификат дода шуд .
Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

02.06.2020 284