Баргузории имтиҳони хатми интернатура

Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Интернатура яке аз зинаҳои асосии таҳсилоти баъдидипломии олии тиббӣ мебошад, ки бо супоридани имтиҳони хатм аз ихтисос ба итмом мерасад.
Ҳамасола баъди ба охир расидани муҳлати таҳсил дар интернатура тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аттестатсияи табиб-интернаҳо баргузор мегардад, ки он аз тарафи комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ба ҳайати комиссияи имтиҳонӣ намояндагони Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсат ва устодони кафедраҳои клиникии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва МДТ «ДТБКСТҶТ» шомил буданд. Аз муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ соли ҷорӣ барои супоридани имтиҳони хатм 486 нафар табиб-интернаҳо аз рӯи 26 ихтисос иҷозат доштанд ва аз ин теъдод 478 нафар ҳозир гаштанд. Имтиҳон давоми рӯзҳои 07-15-уми июли соли равон бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирусӣ баргузор гардид. Сатҳи дониши амалию назариявии табиб-интернаҳои соли таҳсили 2019-2020 аз тарафи комиссияи босалоҳият баҳогузорӣ карда шуд. Табиб-интернаҳое, ки имтиҳони хатмро бомуваффақият супориданд тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои кор ба муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд.
Муовинати корҳои муолиҷавӣ

Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Баргузории имтиҳони хатми интернатура
Баргузории имтиҳони хатми интернатура
16.07.2020 171