Баргузории чорабинии фарҳангию таблиғотӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

Баргузории чорабинии  фарҳангию таблиғотӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар  кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Махмудова М.М. Алишерова Н.А Бақоев Ф.С Наврузқулова Ш.Ф ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 4 ФТ (гурӯҳҳои 1,2,3,4,5,6) чорабинии фарҳангию таблиғотӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуд.

Ассистенти кафедра Ҳотамова М.Н. зимни баромад аз ҷумла қайд намуд: “Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.”

Сипас донишҷӯи гурӯҳи 3 Донаев Шаҳзодбек ба маърӯза баромада, чунин қайд намуд: “Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Дар охир муаллимон ва донишҷӯён низ фикру мулоҳизаҳои худро дар ин маврид баён намуданд.

 

Мудири кафедра

н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.

 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ

ассистент Ҳотамова М.Н.


13.09.2021 40