Баргузории ҳамоиши илмӣ "Рӯзи забони точикӣ"

Баргузории ҳамоиши илмӣ  "Рӯзи забони точикӣ"

Дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи "Рӯзи забони точикӣ" гузаронида шуд. Дар ин хамоиш ординатори соли 2 Афзалшо бо маърӯза баромад карда, зимни он қайд намуд, ки забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадим буда, соҳиби фарҳанги бузург аст. Ин забони ғанию сарватманд мояи ифтихори мо тоҷикон аст. Он ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил шуда, шаҷараи забонҳои ҳинду эрониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар маърӯза санаи тачлили Рӯзи забон бо фармони Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дарч гардид.

Баъд аз маърӯза мудири кафедра н.и.т. Ганиева М. Т. баромад карда, оид ба таҷлили Рӯзи забон дар саросари ҷумҳурӣ маълумот дод.

Кафедраи асабшиносӣ


07.10.2021 34