Бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ

Бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ

Бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ дар кафедраи забони русӣ МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 4 ва 5 октябри соли ҷорӣ конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён   дар мавзӯи «Нақши Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворгардонии мақоми забони давлатӣ» доир гардиданд.

Дар конференсия донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд. Конференсияро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони русӣ, номзади илмҳои педагогӣ Д.У.Саидмуродов ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро табрик намуда,оиди мақсади гузаронидани конференсия сухан кард.

Баъд аз ин дар назди донишҷуён профессори кафедра доктори илмхои педагогӣ У.Р.Юлдошев баромад кард. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки забон ин қисми ҷудонашаванда ва муҳими фарҳанги миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забонро ҳамчун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд.

Досенти кафедра Назарова М.Р, муаллимаи калон С.А. Ҳотамова, омӯзгорон М.А. Холматова, Камолова Р.Р.. О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Н.Ш. Алиева ва дигарон дар баромадашон қайд намуданд, ки асарҳои бузурги асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ имрӯз ҳам мавқеи хоса доранд.

Мақсад аз доир кардани чунин конференсияҳо – тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ба ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат мебошад.

Умуман мавзӯи конференсия ҷамбаҳои таърихии рушд ва паҳншавии забони тоҷикӣ, нақши онро дар Тоҷикистони имрӯза баррасӣ намуд.

Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ гуфтанд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, таммадун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст» .

С.А.Ҳотамова, Султанова Д.Х., Р.Р.Камолова, омӯзгорони кафедраи забони русии МДТ «ДДТТ ба номи . Абӯалӣ ибни Сино»

Раҷабов Р.Р.   омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино».


06.10.2021 41