Аъзои КМИР бо кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрӣ доир намуданд

Аъзои КМИР бо кормандон ва донишҷӯёни  ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино вохӯрӣ доир намуданд

Дар толори Синои МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” вохӯрӣ бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии    Тоҷикистон ва коршиносони соҳа доир гардид.

Чорабинӣ вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии    Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъраки интихоботӣ, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва  экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот гузаронида шуд.

Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич- муовини рекетор оид ба корҳои муолиҷавӣ ҷаласаро оғоз карда, иштирокчиёнро муаррифӣ намуд. Сараввал Азимова Зебо- коршиноси КМИР ҶТ вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Комиссияи Марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои фаъолияти Комиссия, ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Комиссия ва макони ҷойгиршавии он, инчунин ваколатҳои узви комиссияи интихоботӣ ва интихобкунандагон сухан сухан гуфта, нақши овози ҳар як овоздиҳандаро дар интихоботи дар пешистода муҳим арзёбӣ намуд. Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 комиссияи ҳавзавии интихобот таъсис дода шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ танзим карда мешавад ва маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад гардид.

Ғаюрзода Шуҳратулло Кароматулло- сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ зимни суханронӣ, бахусус ба мавқеи ҷавонон ва фаъолнокии онҳо дар рушду нумуи кишвар ишора намуда, қайд кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи асосӣ ва неруи бузурги бунёдгару созандаи давлату мамлакат буданд, ҳастанд ва мебошанд. Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар марҳалаҳои рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд- таъкид намуд сардори Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ.

Маҷидзода Умед Қурбонмад-сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино гуфт, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар чорабинӣ инчунин Комрон Давлатзода- коршиноси КМИР ҶТ, Шарипов Додхудо- узви гуруҳи “Авангард”-и Вазорати умури дохила иштирок ва баромад карданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҳамаи иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсии интихобот фаъолона иштирок карда, ба арзандатарин номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз диҳанд. Аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, саҳми назарраси худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Дар ин бора Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард.

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



7
6
5
4
3
2
1
01.09.2020 145