Аз бемории сироятии COVID-19 худро эмин нигоҳ доред!

Аз бемории сироятии COVID-19 худро эмин нигоҳ доред!

15 июли соли равон зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 42 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 31 нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд, дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои мазкур аз аввали бақайдгирӣ то 15 июл дар мамлакат 14000 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13631 нафар (97,4%) шифо ёфтаанд.

Бо назардошти ин, аз тамоми шаҳрвандони мамлакат тақозо мегардад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Солимии ҳар як нафар ба худи ӯ вобаста аст.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


16.07.2021 150