Аввалин ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор шуд

Аввалин ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор шуд

Дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 баргузор шуд. Қабл аз шуруи ҷаласа филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо ҷиддияти том пазируфта шуд.

Сипас, ҷаласаи Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. оғоз намуда, шуруи соли нави таҳсилро ба ҳамаи иштирочиён табрик гуфт.

Дар ҷаласа 9 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои гуногун баррасӣ шуд. Пешниҳоди комиссияи тахассусии донишгоҳ барои додани унвони илмии дотсент ба Носирова М.П.-дотсенти кафедраи тибби оилавии №2 ахбори Маркази омодагии қаблӣ дар соли таҳсили 2019-2020, ҳисоботи шуъбаи муҳосибот, ахбори муовини ректор оид ба таълим профессор Ибодзода С.Т. дар мавриди омодагии шуъбаи таълим, деканатҳо ва кафедраҳо ба соли нави таҳсили 2020-2021 ва ғайраҳо шунида шуд. Тасдиқ намудани аъзои Шӯрои илмӣ-методии муовинати таълим, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии муовинати муолиҷавӣ ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии муовинати тарбиявӣ, ҳайат ва нақшаи кории Шӯрои олимони факултетҳо, Шӯрои илмӣ-методии факултетҳо ва Шӯрои илмӣ-методии тахассусии муовинати таълими донишгоҳ аз масъалаҳои дигари ҷаласа буд.

Дар баррасии масъалаҳои гуногун муҳимтарин масоили илмӣ, тарбиявӣ ва тахассусии донишгоҳ матраҳ гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


6
5
4
3
2
1
27.08.2020 146