Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 санаи 24 маи соли 2021 чорабинии фарҳангӣ- тарбиявӣ дар мавзӯӣ “Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат” гузаронида шуд. Дар он мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Маҳмудова М.М., Бақоев Ф.С., Алишерова Н.А, донишҷӯёни курси 4 факултаи тиббӣ гуруҳҳои 50,51,52,53,54 ва 55 иштирок намуданд. Дотсенти кафедра Қобилова Б. Ҳ. дар бораи саҳми ҷавонони Тоҷикистон дар рушду нумуи кишвар сухан намуда қайд кард, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифкунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур карда намешавад.

Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.

 Тавре медонем, ин мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон дошта буданд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор менамояд, ки бо илму донишандӯзӣ, маърифату ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дигар зарфиятҳои зеҳнию ҷисмонии худ дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд.
Ассистенти кафедра БақоевФ.С. зимни баромад қайд намуд, ки эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.

Сипас донишҷӯёни курси 4 факултаи тиббӣ гурӯњи 54 бо маърӯзањо баромад намуданд. Донишҷӯ Раҷабова Гулбону бо презентатсия баромад карда таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо ва шумо - ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезанем.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд. 

Мудири кафедра  -  Мамадҷонова Г.С.      

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ  -  Ҳотамова М.Н.

 


25.05.2021 94