ҶАВОНОН -НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

ҶАВОНОН -НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз санаи 17 то 18-уми майи соли 2024 таҳти роҳбарии ассистентони кафедра Ашурова Н.П. ва Разоқова К.Р. дар мавзӯи «Ҷавонон -нерӯи созанда ва ояндаи миллат» чорабинии идона гузаронида шуд, ки дар ин чорабини кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва 5-уми курси 3-юми факултаи педиатрӣ иштирок намудаанд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намудаанд.

     Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.- изҳор доштанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

     Бо дастгирии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ аст, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва  иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

   Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон –Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо бояд аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзанд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.


24.05.2024 1073

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php