Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” санаи 14 сентябрии соли 2021 аз ҷониби муаллими кафедра – Қосимова П.В. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи : “Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёнии курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳи 69 гузаронида шуд.

Турақулова Муниса барои ҷамъомадагон оид ба мавзӯъ маърӯзаи пурмазмунеро пешкаш намуд. Ӯ аз таърихи навини ҷумҳуриамон ёдрас шуда гуфт: "Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати истиқлолият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳи ҷаҳонии асри ХХ1 табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.

Бод истиқлол ҷовид

Дар фазои Тоҷикистон.

Дар дили ман дар дили ту,

Ҳамватан, чун ишқу дармон."

Дар поёни чорабинӣ муаллимаи кафедра – Қосимова П.В.баромад карда, ба иштирокдорон ва фаъолони маҳфил миннатдории худро баён намуданд.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


16.09.2021 79