Асари Пешвои миллат - «Чеҳраҳои мондагор» ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

Асари Пешвои миллат - «Чеҳраҳои мондагор» ва ҳифзи арзишҳои миллӣ

Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмию таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзиши беандозаи илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Аҳамияти беандозаи китоб аз он иборат аст, ки асари мазкур бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардида, барои аҳли илму адаб, дӯстдорони таъриху фарҳанг ва адабиёти гузаштагонамон пажуҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта, барои тарбияи чавонон дар рӯҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, шинохти бузургон воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад.

Аз мутолиаи китоби мазкур ҳар як шахс доир ба рӯзгору осори шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии халқи тоҷик маълумотҳои пурқиматро дастрас карда метавонад. Сарвари давлат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд. Тавре аз ҷониби худи муаллиф зикр мегардад, мутолиаи ин асар барои дар қалби ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро меомӯзонад.

Асар дар асоси пажуҳишҳои арзишманд таълиф гардида, доир ба саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик маълумотҳо медиҳад. Дар натиҷаи мутолиаи асари мазкур ҳар як шахс бо рӯзгор ва осори шахсиятҳои номдори соҳаи илму адаб ва таърихию сиёсии халқамон шинос шуда, барои худ маълумотҳои арзишмандеро дастрас менамояд.

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои неки ҷовидонаи миллат як рукни басо муҳими Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар асари «Чеҳраҳои мондагор» аз ҷумла, дар бораи бунёдгузори давлатдории мутамаддин – Куруши Кабир ва корномаҳои ӯ ҳикоятҳо оварда шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад. Ба ғайр аз маълумотҳо аз хусуси ҳаёту зиндагии шахсони таърихӣ, ба монанди Спитамен,Зардушт, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, инчунин доир ба ҳаёту фаъолияти намояндагони адабиёти классикӣ ва муосир – Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ,Сотим Улуғзода ва шахсиятҳои сиёсӣ, аз ҷумла, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур маълумотҳо гирд оаварда шудаанд,ки аз таърихи пурифтихори халқамон шаҳодат медиҳад.

Фарзандони фарзонаи миллат, ба монанди Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум,Шириншо Шотемур,Чинор Имомов, Б.Ғафуров,Мирзо Турсунзода, як зумра шоирону нависандагон ва равшанфикрони тоҷик дар роҳи бедорӣ, худшиносию худогоҳии миллати тоҷик саҳми беандоза гузоштаанд. Махсусан, зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ ва қаҳрамониҳои ӯ барои ҳифзи забону адабиёти тоҷик барои ҳар як фарди худогоҳ мактаби бузург арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айниро «муҷассамаи бузурги фазилату хирад, адабу шуҷоат, илму дониш ва фарҳангу маърифат» номидаанд. Бино ба зикри Сарвари давлат устод Садриддин Айнӣ аз шахсиятҳои миллатсоз буда, дар раҳоии миллат аз вартаи нестӣ нақши бузурге гузоштааст. Бесабаб нест, ки ба ин фарзанди фарзонаи миллат аввалин унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» муносиб дониста шуд.

Тавре дар асари «Чеҳраҳои мондагор» зикр мегардад, нахустин хизмати шоистаи Садриддин Айнӣ аз ҳамин иборат аст, ки ӯ бар зидди душманони халқ – онхое, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд, дар солҳои бистуми асри гузашта дар саҳифаҳои матбуот, бахусус дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» бо далелҳои қатъӣ баромад намуда,доир ба таъриху тамаддун, забону адабиёти тоҷик, мероси бойи фарҳангӣ мақолаҳо нашр намуда, халқи тоҷикро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ даъват намудааст.

Хизмати дигари шоистаи устод Садриддин Айнӣ аз ҳамин иборат аст, ки асари безаволи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар шинохти мероси бойи халқи тоҷик, бедорию худшиносии миллати тоҷик саҳми бузурге гузоштааст. Муаллифи асари «Чеҳраҳои мондагор» дар ин хусус чунин навиштаанд: «Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид». Дарҳақиқат Садриддин Айнӣ баҳри ҳифзи забони тоҷикӣ, шинохти миллати тоҷик ҷонбозиҳо кардааст. Корномаи таърихии устод ин асари арзишманди ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки дар замони худ нақши шиносномаи халқи тоҷикро ба ҷо оварда, беасосии даъвоҳои душманони халқи тоҷикро фош ва инкор намуд. Сарвари давлат дар асари «Чеҳраҳои мондагор» пайроҳаи пуршебу фарози Садриддин Айниро дар роҳи худшиносии миллӣ, бедории халқи тоҷик тасвир намуда, ҳар як фарди тоҷикро ба омӯзиши ҳаёту зиндагонии бузургонамон даъват менамоянд.

Омӯзиши асари «Чеҳраҳои мондагор» на танҳо барои шиносоӣ бо таърихи пурифтихори халқамон ва шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти шахсони шинохтаи таърихӣ имкон медиҳад, балки барои густариши ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як шахси худогоҳ мусоидат менамояд.

Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ки ба халқҳои ҷаҳон хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм таҳдид менамояд, дарки худшиносии миллии ҳар як фард, хештаншиносӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон, шинохти бузургони миллат ва омӯзиши ҳаёти пурифтихори онҳо нақши муҳим дорад. Омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз асари арзишманди Пешвои миллат - «Чеҳраҳои мондагор» ба тарбияи худшиносии миллии ҷавонон, ифтихор доштан аз ватану ватандорӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

       М.К. Шодиматова - кафедраи забони тоҷикӣ


04.05.2021 54