Апробатсияи натиҷаи таҳқиқи кори илмӣ дар ҷаласаи Комиссияи байникафедравии проблемавии донишгоҳ

Апробатсияи натиҷаи таҳқиқи кори илмӣ дар ҷаласаи Комиссияи байникафедравии проблемавии донишгоҳ

Дар ҷаласаи Комиссияи байникафедравии проблемавӣ оид ба фанҳои ҷарроҳии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино", ки санаи 23.09.2021 баргузор шуд, апробатсияи натиҷаҳои кори илмии унвонҷӯйи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 Ашӯрова Гулшан Намозовна аз рӯи ихтисоси 14.01.17- ҷарроҳӣ, барои дарёфти унвони номзади илми тиб, баррасӣ шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб Исмоилзода С.С. гузашта, ҳайати Комиссияи байникафедравии проблемавӣ пас аз шунидани баромади унвонҷӯй дар бораи мавзӯи рисолаи худ ва самти таҳқиқот, андешаҳои хешро баён намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки кори таҳқиқотии унвонҷӯй омӯзиши самтҳои афзалиятноки пешгирӣ аз беморӣ, ҷараён ва раванди табобати онро дар замони муосир то ҷое муайян мекунад.

Комиссияи байникафедравии проблемавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" пас аз таҳлилу баррасӣ, пешниҳодоти худро ба унвонҷӯй расонида, ҳамзамон барои идомаи таҳқиқ ва комил намудани рисолаи илмӣ ба ӯ барор хостанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


23.09.2021 38