Ҳамкориҳо бо Донишкадаи шаҳри Пекин

Ҳамкориҳо бо Донишкадаи шаҳри Пекин

Раёсати донишгоҳ дар ҳошияи иҷрои дастури Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ эълон намудаанд, пайваста талош меварзад.

Ҳамзамон ба хотири густариши робитаҳои судманди байнисоҳавӣ, табодули таҷриба дар самти таъсиси корхонаҳои дорӯсозӣ (аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши кишвар) дар санаи 22-уми июли соли 2019 ҳайати меҳмонон аз Донишкадаи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии президенти донишкада хонума Тиан Пеюан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро муваққатан иҷрокунандаи вазифаи ректори донишггоҳ муовини ректор оид ба таълим д.и.т., профессор Ибодов С.Т. ба ҳузур пазируфта мулоқот намуданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуда, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣро миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи шаҳри Пекинро ба имзо расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи созишномаи ба тавсиб расида ва инчунин дар доираи лоиҳаи “Як камарбанд як роҳ” дар ояндаи наздик, дар ҳамкори бо донишкадаи шаҳри Пекин дар донишгоҳ таъсис намудани маркази тибби халқии Чин дар назар гирифта шудааст. Ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи академӣ миёни донишҷӯён, магистрон, доктарантон ва кормандони худ баён намуданд.

Баъди мулоқот ҳайати меҳмонон аз маркази таълимӣ, илмӣ, истеҳсолии “Фарматсия” дидан намуда, бо маъводҳои дорувории истеҳсолнамудани марказ шиносоӣ пайдо намуданд. Инчунин дар самти тайёр намудани маъводҳои доруворӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад шумориданд.


1
2
3
4
25.07.2019     152