Ҷаласаи тарбиявӣ дар факултети тиббӣ

Ҷаласаи  тарбиявӣ дар факултети тиббӣ

Санаи 08.12.2021 дар толори №6 бо курси 2-юми факултети тиббӣ ҷаласа гузаронида шуд. Декани факултет Хоҷаева Н.М. ва муовинони декан Зуҳурова П.М., Арабзода С.Н., Иргашева Ҷ.З. оиди иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, сари вақт сабақгардонӣ намудани дарсҳои ғоиббуда, ба донишгоҳ бо сару либоси тавсиявӣ ҳозир шудан, иштироки фаъолона намудан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳӣ, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ҳарчӣ зудтар супоридани маблағи шартномаи таҳсил, оид ба масъалаҳои бемориҳои сироятӣ ва чораҳои пешгирии паҳншавии онҳо, этика ва эстетикаи табиб, ҳурмату эҳтироми устодон ва ҳамсабақон бо донишҷӯён сӯҳбат гузаронида шуд. Инчунин оиди санҷишҳои фосилавии №1 ва имтиҳонҳои дар пешистода аз фанҳои анатомияи одам ва гистология (ба таври тестӣ ва хаттӣ) маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда шуд.

Деканати тиббӣ


12.10.2021 33