Ҷаласаи таблиғотӣ

Ҷаласаи таблиғотӣ

31-уми январи соли ҷорӣ дар толори ба номи Я.А. Раҳимови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва намояндагони Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва масоили нигаҳдории тандурустӣ буданд.

Сараввал, ректори муҳтарам, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ иброз намуданд, ки 26 декабри соли 2018, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ироа намуданд. Дар Паём бештар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ректори Донишгоҳ таъкид намуданд,ки ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯёни муассисаамон бояд Паёми имсолаи Сарвари кишварро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. Қайд намуданд, ки нисбати ин масъала «Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳия шудааст.    Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ давоми мантиқии паёмҳои қаблии Сардори давлат буда, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Он ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дар оғози Паём зикр гардид, ки 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташаббуси башардӯстонаи Сарвари худ бори дигар мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, ки барои ҳар фарди ин сарзамини биҳиштосо боиси ифтихору сарфарозист.

Сипас, Содиқзода Абдусамӣ – Сардори Раёсати назорати умумии Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз дошт: Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Мутобиқи талаботи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон карда шудааст. Давлати ҳуқуқбунёд бошад, бе қонунҳои мувофиқ ба талаботи замон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, барҳақ, дар Паём таъкид шуд: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Бинобар ин, ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла вакилони парламент зарур аст, ки сифати қонунҳои амалкунанда ва ба сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мутобиқ будани онҳоро мунтазам таҳлил карда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи рӯз мувофиқро таҳия намоянд».

Оиди масъалаҳои тандурустӣ Давлатзода Зокир- Додситони Раёсати назорати умумии Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андешаронӣ кард: Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким бахшида шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгуи арзишҳои шахсии ғайримодӣ дохил карда шудааст. Қонунгузории амалкунанда мафҳуми мушаххаси саломатиро кушода надодааст, бинобар ин дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Дар Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ ҳамчун «некуаҳволии пурраи (комили) иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва руҳии одам» зикр гардидааст. Ду навъи саломатӣ – алоҳидаи шахсӣ (инфиродӣ) ва саломатии аҳолиро бояд фарқ кард. Саломатии инсонро танҳо дар муқоиса бо беморӣ эътироф кардан нашояд. Вай таркиб ё ҳамоҳангии сифатҳои биологӣ ва иҷтимоӣ аст. Бехуда нест, ки ҳануз дар замонҳои қадим ба омилҳои муайянкунандаи саломатӣ шароитҳои хуби зиндагӣ, нақшаи гигиенӣ, ғизои пурмаҳсулро шомил медонистанд.

Дар ҷарайёни кори ҷаласа устодону донишҷуёни Донишгоҳ низ оиди масоили матраҳгардида андешаҳои худро баён намуданд.

Дар интиҳо, ректори муҳтарам, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ба ширкаткунандагон, хусусан намояндагони Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокашон изҳори сипос намуданд. Таъкид доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст. Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо мо – ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар, албатта, саҳми арзанда мегирем. Зеро меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад.

 

Суҳайлӣ Расулзода- сардори шуъбаи

иттилоот ва нашрияи Донишгоҳ


1
2
3
01.02.2019     465