Ҷаласаи Шӯрои кураторони факултети тиббӣ

Ҷаласаи Шӯрои кураторони факултети тиббӣ

«Кори тарбия кори саҳл нест, балки кори аҳл аст» - устодони факултети тиббӣ ин шиорро сармашқи кори худ қарор дода, пеш аз оғози дарсҳои нимсолаи дуюм бо саркураторони кафедраҳои марбути факултет, Шӯрои навбатиро гузарониданд. Шӯро санаи 28 январи соли 2022, дар бинои таълимии «Шаҳраки табибон», дар толори лексионии №6   бо саркураторони   курси якуми факултети тиббии кафедраҳои марбути факултет баргузор карда шуд. Дар Шӯро Раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ, декани факултети стоматологӣ - Юлдошева У. П., иҷрокунандаи вазифаи декани факултети тиббӣ Ахмедов Ф.С., муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. ва устоди кафедраи ҷомеашиносии донишгоҳ Абдухалилзода К. иштирок доштанд. Дар баробари масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин ба ҳозирин маърӯзаи устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ҷ., дотсент Абухалилзода К. дар мавзӯи «Радикализми динӣ, хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ» пешниҳод карда шуд. Дар мавзӯи зерин, ки бояд дар дарсҳои тарбияӣ аз ҷониби кураторон бо донишҷӯён мавриди омӯзиш қарор дода шавад, нозукиҳои ин масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласа Раиси Шӯрои кураторони донишгоҳӣ Юлдошева У.П. баромад карда, дар бораи ҷоннок кардани корҳои тарбиявӣ аз ҷониби кафедраҳо суханронӣ намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети тиббӣ Ахмедов Ф.С. зимни суҳбат бо саркураторони кафедраҳо натиҷаи сессияи зимистонаи имсоларо, ки то ҳол супоридани имтиҳонҳои такрорӣ давом ёфта, дар сатҳи ниҳоят паст қарор доранд, мавриди сухбат қарор дод. Ахмедов Ф.С. сабаби зиёд шудани сустхонҳоро пурсон шуд: шояд кураторон бо онҳо камтар кор мекунанд ё дар кафедраҳо ба донишҷӯён камтар диққат медиҳанд? Ин кор бояд роҳи ҳалли худро ёбад, таъкид дошт ӯ.

Муовини декани факултет, Раиси Шурои кураторони курси якум, Бурҳонова З.У. ба саркураторон муроҷиат намуда, иброз дошт: "Ҳафтаи оянда дарсҳои нимсолаи дуюм оғоз меёбанд. Аз ин рӯ, сари вақт соатҳои дарсҳои тарбиявиро дар мувофиқа бо Шӯъбаи таълим ба ҷадвали дарсӣ ворид намоед. Вобаста ба ин ҷадвали санҷиши кафедраҳо тартиб дода мешавад. Ин корро ба таъхир гузоштан мумкин нест". Инчунин муовини декани факултет илова намуд, ки дар нимсолаи якум кафедраҳо гузоришу ҳисоботҳоро ба деканат камтар ворид намуданд. Минбаъд бояд ҳисобот ва гузоришҳо ба деканат сари вақт супорида шаванд.

Ҷараёни навбатдории кафедраҳо дар хобгоҳҳо ҷоннок карда шуда, дар ҷараёни навбатдорӣ бо ҳаёти донишҷӯён аз наздик ошно шаванд. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ амал мекунад, бинобар ин, пеш аз ҳама, дар ҳамкорӣ бо коменданти хобгоҳ ва намояндагони Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ санҷишу навбатдориҳо гузаронида шавад. Барои самаранок гузаштани навбатдорӣ кафедраҳо дар хобгоҳҳо бахшида ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашну идҳо, рӯзҳои таърихӣ метавонанд чорабиниҳои мувофиқ ташкил ва баргузор намоянд. Дар кори тарбияи ҷавонон бо Шӯъбаи тарбия ва деканатҳо ҳамкорӣ намоянд. Вобаста ба ин кори тарбияро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монда, бо онҳо доимо дар алоқа бошанд. Ин ба пешравии кори тарбия таъсири хуб расонида метавонад.

Муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У.


28.01.2022 56