Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Синои Муассисаи давлатии таълимии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ ба таври тантанавӣ доир шуд. Ҷаласаро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки имрӯз мо ба шарафи тақдими унвони олии “Профессори фахрӣ”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба яке аз меҳмонони гиромии ин ҷаласа ҷамъ омадаем.

Меҳмони фахрии ин ҷаласа Равшан Султоновна Достмагамбетова -ректори Донишгоҳи тиббии Караганда аст, ки   унвони “Профессори фахрӣ”-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ноил гардид. Боиси зикр аст, ки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи тиббии Караганда муддати 10 сол аст ҳамкориҳои босамар доранд. Дар ин муддат шумораи зиёди   устодони донишгоҳи мо бо системаи инноватсионии таълим, ки аллакай дар Донишгоҳи Караганда роҳандозӣ шудааст, шинос шуданд.

“Давоми се соли охир 20 устоди Донишгоҳи тиббии Караганда дар донишгоҳи мо машғулиятҳо гузарониданд ва ду профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон профессорони фахрии Донишгоҳи Караганда гардиданд”- қайд намуд ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ..

Ҳамасола ҳудуди 30-40 донишҷӯйи донишгоҳи мо дар Донишгоҳи тиббии Караганда омӯзиш гирифта, донишҷӯён аз Караганда низ дар доираи барномаи академии мобилӣ дар донишгоҳи мо таълим мегиранд. Олимони ин ду донишгоҳи тиббӣ дар конференсияҳои илмӣ-амалӣ мутақобилан иштирок менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамкориҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи тиббии Караганда сол аз сол рушду такомул меёбад ва донишгоҳи мазкур шарики стратегии мо дар амалӣ намудани барномаҳои мухталиф аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд.

Профессор Гулзода М.Қ. -ректори донишгоҳ бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои босамари ин ду донишгоҳи тиббӣ, таъкид намуд, ки Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Донишгоҳи тиббии Карагандаро шарики стратегии худ меҳисобад.

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия

Турсунова З.Г.-сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

20.12.2019 744