Ҳафтумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии донишгоҳ

Ҳафтумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии донишгоҳ
Дар ҳафтумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" оид ба фанҳои ҷарроҳӣ , ки санаи 06.05.2021 баргузор шуд, мавзӯи илмии рисолаҳои номзадии унвонҷӯҳои зерин баррасӣ ва тасдиқ карда шуд:
Солиев О.Ф.-аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2-и МДТ"ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар мавзӯи "Бемории варикоз дар сокинони деҳоти ҶТ" аз рӯи ихтисоси 14.01.17-ҷарроҳӣ, барои гирифтани унвони номзади илмҳои тиб;
Сафедов Ф.Х.-унвонҷӯи кафедраи ҷарроҳии кӯдакони МДТ"ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар мавзӯи " Муносибати фарқкунанда ба оптимизатсияи усулҳои инноватсионии ташхис ва ҷарроҳии реконстуктивӣ-барқароркунӣ бо норасоии масона, ки дар натиҷаи дисплазияи минтақаҳои тригоналӣ-бачадон ва весикоурертералӣ дар кӯдакон ба амал омадааст" аз рӯи ихтисоси 14.01.19-ҷарроҳии кӯдакон, барои гирифтани унвони доктори илмҳои тиб;
Одинаев Б. А.- барои дарёфти унвони илмии докторанти PhD кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2-и МДТ"ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар мавзӯи " Табобати ҷарроҳии оқибатҳои вазнини садамаҳои барқии дасту пой" аз рӯи ихтисоси 6D 110100- тиб ва 14.01.17 -ҷарроҳӣ;
Ҳамидов И.Т.- барои дарёфти унвони илмии докторанти PhD кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2-и МДТ"ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино" дар мавзӯи "Оптимизатсияи омодагии пеш аз ҷарроҳӣ ва дармони ҷарроҳии чурраи пеш -паҳлӯии шикам" аз рӯи ихтисоси 6D 110100- тиб ва 14.01.17-ҷарроҳӣ;
Ҷаласа таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб Исмоилзода С.С. ва котиб н.и.т, дотсент Салимов Д.С. гузашта, мавзӯҳое, ки барои тасдиқ пешниҳод гардиданд, мубрам ва аҳамиятнок шуморида шуданд.Тавре ки ҳайати комиссия қайд менамояд, кори таҳқиқотии унвонҷӯйҳо омӯзиши самтҳои афзалиятноки бемориҳои номбурда, пешгирӣ ва табобати онҳо дар шароити кунунии кишвар дониста мешавад.
Ҳайати Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" бо шунидани мавзӯҳои пешниҳодшуда аз тарафи унвонҷӯҳо, тавзеҳо ва шарҳи онҳо, мулоҳизаҳои хешро баён намуда, барои идомаи таҳқиқ ва комил намудани рисолаҳои илмӣ ба унвонҷӯҳо барор хостанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Ҳафтумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии донишгоҳ
Ҳафтумин ҷаласаи Комиссияи байникафедравии мушоҳидавии донишгоҳ
06.05.2021 45