Ҳафтаи байналмилалии таҳсилот ва илм дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи Эразмус +

Ҳафтаи байналмилалии таҳсилот ва илм дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи Эразмус +

    ДДТТ номи Абӯалӣ ибни Сино иштирокчии лоиҳаи байналмилалии таълимӣ дар лоиҳаи Erasmus + "Таҳкими шабакаи таҳсил, илм ва инноватсия дар соҳаи беҳдошти муҳити зист дар Осиё" мебошад. Мақсади ин лоиҳа тақвият додани тавонмандии тадқиқот дар соҳаи беҳдошти муҳити зист (нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ), мусоидат намудан ба мубодилаи фаъоли иттилоотӣ дар байни муассисаҳои олии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.


      Аз 22 то 26 ноябри соли 2018 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи барномаи мазкур, ҳафтаи байналмилалии таҳсилот ва илмро ташкил намуд, ки ҳадафи он гузаронидани лексияҳо ва семенарҳо барои донишҷӯён, магистрон, PhD доктарантон ва омӯзгорони соҳаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, инчунин таҳия ва амалисозии ECTS (Системаи интиқоли Аврупоӣ ва ҷаъмоварии кредитҳо) барномаи якҷояи магистрӣ оиди омӯзиши омехта дар Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мувофиқи принсипҳои системаи Баллонии таҳсилот мебошад.


Ҳамзамон ба иштирокчиёни лоиҳа имконият фароҳам оварда шуд то дар 66-умин конференсияи илмӣ-амалӣ, ки дар санаи 23-уми ноябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ баргузор гардид, бо маърузаҳои худ вобаста ба масъалаҳои мубрам вобаста ба нигаҳдории тандурустӣ баромадҳо намоянд.


     Ҳамчунин ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. профессор Герт ван дер Лаан - (Донишгоҳи Милан, Италия), Кенеш Ҷусупов – ҳамоҳангсози лоиҳа (Мактаби байналмилалии тиббӣ, Қирғизистон) ва Назокат Қосимова – коршиноси (эксперт) беруна доир ба лоиҳа, Ӯзбекистан)-ро, ки шарикони лоиҳа мебошанд, ба ҳузур пазируфт.


        Бояд қайд намуд, ки Назокат Қосимова лоиҳаи мазкурро мониторинг гузаронида, бо ҳар як иштирокчиёни лоиҳа мубоҳиса гузаронид. Шарикони лоиҳа аз натиҷаҳои бадастомада ва меҳмоннавозии ДДТТ ба Абӯалӣ ибни Сино хеле хушнуд гардиданд.


       Боиси хушнудист, ки дар доираи лоиҳа 3 гуруҳи корӣ аз намояндагони кишварҳои гуногун барои таҳия ва татбиқи таълими омехта дар Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва гурӯҳи корӣ аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии доктаранти PhD аз кафедраи беҳдошти муҳити зист Эгамназаров Ҳусейн Назарович бо мақсади таҳия ва татбиқи усулҳои нави таълимӣ “таълими омехта" дар факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ташкил карда шуд. Ба итмомрасонии барномаи мазкур дар моҳи майи соли оянда дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар нақша гирифта шудааст.


         Қайд кардан ба маврид аст, ки меҳмонон барои татбиқ ва ҷорӣ намудани таълими омехта дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори хушнудӣ намуда, аз дастгириҳои бевоситаи ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. арзи сипос намуданд.


         Ҳамчунин ҳайати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо шарикони асосии лоиҳа мулоқот баргузор намуда, роҳҳои имконпазири иштироки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар лоиҳаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.


         Дар анҷом меҳмононро аз ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Душанбе ва Қалъаи Ҳисор тамошо дода, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии гуногун гузаронида шуд.


         Дар маҷмӯъ ҳайати Тоҷикистон ҳафтаи байналмилалии таҳсил ва илмро дар доираи лоиҳаи Erasmus + дар ДДТТ бомуваффақият гузаронида ва ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур ҷидду ҷаҳд менамояд.


Шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ


19.12.2018     80