9-умин Мактаби тобистонаи байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Син

9-умин Мактаби тобистонаи байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Син

Мақсади ташкили Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва татбиқи назария ба амалия мебошад. Ҳангоми сайру саёҳат намудан аз муҳити атроф бисёр чизҳоро омӯхта, аз таърихи куҳанбунёди кишварамон воқиф мегарданд. Робитаҳои дӯстии байни донишгоҳҳо густариш меёбанд. Дар тули фаъолияти 9- солаи худ (аз соли 2011) ин мактаб ба бисёр дастовардҳои илмиву омӯзишӣ ноил гардидааст. Дар доираи Мактаби тобистона донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намудаанд. Аминем, ки минбаъд низ Мактаби мазкур барои густариши равобити илмию фарҳангии байни донишгоҳҳо ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ саҳми босазои худро мегузорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хориҷиёне, ки дар доираи Мактаби байналмилалии тобистона як маротиба ба Тоҷикистони биҳишиосои мо ташриф меоранд, бо таасусроти баланду ногуфтанӣ бармегарданд ва хоҳиши такроран ба Тоҷикистон омаданро мекунанд. Қисми зиёди меҳмононе, ки соли ҷорӣ дар Мактаби тобистонаи байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок доранд, такроран мебошад. Сол то сол шумораи иштирокчиёни Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳ аз хориҷи кишвар зиёд шуда, георгафия он васеъ шуда истодааст.


Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, кадрҳои илмӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ боиси ифтихори ворсиони Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва миллати куҳанбунёди тоҷик гардидааст.


Боиси сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, пешрафти соҳаи мазкур ва муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо замина фароҳам овард. Ҳамзамон, аз ҷониби Пешвои муаззами кишвар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пешниҳод гардид, ки аз тарафи ҷаҳониён ҳамчун як падидаи неку нодир ва дорои аҳамияти байналмилалӣ пазируфта шуд.


Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар қатори донишҷӯёну олимони донишгоҳ, инчунин беш аз 30 нафар олимону донишҷӯёни 13 донишгоҳҳою донишкадаҳои  тиббии  8 давлати  хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, аз Академияи тиббии Ижевск (3 нафар олимону донишҷӯён), Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж (3 нафр), Донишкадаи тиббии донишгоҳи давлатии Тамбов (3 нафар), Донишгоҳи давлатиии тиббии Оренбург (1 нафар), Донишгоҳи давлатиии Новгороди (1 нафар) Федератсияи Россия; Донишгоҳи тиббии Синзяни Хитой (4 нафар); Донишгоҳи Мемориали Сен-Чонскийи Канада (1 нафар); Донишгоҳи тиббии Кореяи Ҷанубӣ (1 нафар); Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибн Синои Ҷумҳурии  Ӯзбекистон (5 нафар); Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон (1 нафар), Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда (2 нафар), Донишгоҳи тиббии Остонаи (2 нафар) Ҷумҳурии Казоқистон; Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Кирғизистон (4 нафар).


Дар доираи Мактаби байналмилалӣ рӯзи 17-уми июли соли 2019 Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тавсифи психофизиологӣ ва шаклҳои агрессияи соматотипҳои гуногун» доир гашт ва рӯзи 18-уми июли соли 2019 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Этологияи одам ва дараҷаҳои коркарди ҷараёнҳои иттилоотӣ-энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар кори он донишҷӯёну олимони ватанию хориҷӣ иштирок карданд. Дар Конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои донишҷӯёну устодони ватанию хориҷӣ шунида шуданд ва муҳокима гардиданд. Дар хотима Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он ба рушд ва дурнамои илми тиб ва муносибатҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангии донишгоҳҳо мусоидат менамояд.


Тибқи барнома Мактаби тобистонаи байналмилалии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, он аз 15 то 25 июли соли 2019 гузаронида шуда, барои муаррифии ҷойҳои таърихӣ ва рушди ш. Душанбе, ҷалби сайёҳон ба кишвари азизамон чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

 

1.      Саёҳат ба Қалъаи Ҳисор.

2.      Сафар ва саёҳат ба шаҳри Норак.

3.      Сафар ва саёҳат ба н. Восеъ - қалаи Ҳулбук.

4.      Сафар ва саёҳат ба осохонаи ш. Кулоб.

5.      Сафар ва саёҳат ба н. Шуробод.

6.      Сафар ва саёҳат ба н. Муминобод - Ҷил духтарон.

7.      Сайру саёҳат ба н. Ховалинг- Чил чанор, Мазори Султон Вайси Қаранӣ.

8.      Сафар ва саёҳат ба н. Данғара.

9.      Гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотии кутоҳмуддат дар мавзеъҳои дар боло зикргардида доир ба тағйиротҳо дар физиологияи узҳои бадани инсон ва обҳои мусаффою шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо.

10. Шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаҳои гуногуни мардумӣ, ташриф ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва воқиф гардидани меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон.

11. Ташриф ва шиносоӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва воқиф гардидани меҳмонон бо фарҳангу тамаддуни тоҷикон.

12. Сайру гашт дар шаҳри Душанбе ва ва воқиф гардидани меҳмонон аз хиёбонҳою гулгаштҳо, фаввораҳои зебою нотакрор, биноҳои муосири бо талаботи меъмории байналмилалию миллӣ сохташуда, маҷмааҳои майдонҳои варзишию фароғатӣ, бозии кӯдакону наврасон ва боғҳои истироҳатию фароғатии пойтахти кишвари азизамон.

13. Ҷамъомади ҷамъбастии бегоҳирӯзӣ, консерти дастаи ҳаваскорони «Шифо»-и ДДТТ, тақдими Сертификатҳо ва Сипосномаҳо дар шаҳри Душанбе.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


18.07.2019     290