68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

68-умин конференсияи солонаи байналмилалии илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар мавзӯи «Заминаҳои бунёдии рушди инноватсионии илм ва таълим» бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки санаи 27 ноябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки аъзои Раёсат, олимони ДДТТ, меҳмонони ватаниву хориҷӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид, далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталиф мебошад. 

Басо рамзист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди беҳтар намудани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни Паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва инчунин қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва раёсати донишгоҳро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд.

Бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, барои пешрафти соҳаи мазкур ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо замина фароҳам овард. Конференсияи 68-умини солонаи байналмилалии илмӣ-амалии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» низ ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ » бахшида шуд.

Дар кори конференсия олимон ва ходимони сиёсии ватанӣ ширкат намуданд. Ҳамчунин меҳмонон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларусия, Германия, Озорбойҷон, Украина ва ИМА тариқи онлайн дар конференсия иштирок карданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.,и.,т., профессор Гулзода М.Қ. оғоз намуд. Сипас бо суханони табрикотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ профессор Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло (бо тариқи онлайн), Фарҳод Раҳимӣ- президенти Академияи миллии илмҳои ҶТ, Қодирзода Диловар Баҳриддин- муовини Вазири маориф ва илми ҶТ, прфессор Юсупов Шуҳрат Абдурасулович- намояндаи Донишгоҳи тиббии Самарқанд баромад намуданд. Инчунин намояндагони муассисаҳои илмиву таълимӣ ва табобатии кишварҳои хориҷӣ тариқи онлайн, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва олимону коршиносони ватанӣ суханронӣ карданд.

Дар барномаи конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

Дар барномаи конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуданд:

· Кафедраи биохимия 80-сола шуд;

· Самтҳои асосии рушди илм дар кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ дар партави қарорҳои ҳукумати ҶТ;

· Дастовардҳои илмӣ ва дурнамои кафедраи физиологияи нормалии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (бахшида ба 80-солагии кафедра);

· Хусусиятҳои ҷараёнгирии клиникӣ ва муолиҷаи сирояти нави коронавирусии Сovid-19 дар калонсолон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Мушкилоти ҳамгунсозии истилоҳот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо;

· Covid-19: нақши масуният дар ҷараёнгирӣ ва ояндабинӣ;

· Дастовардҳои илмии кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ дар тӯли ним аср;

· Таълим додани кормандони тиббӣ, интиқоли усулҳои «ноу-ҳау»-и ташхиси бемориҳои нодир дар Тоҷикистон;

· Бемориҳои ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекология;

· Стоматология, оториноларингология ва офталмология;

· Бемориҳои дарунӣ, тибби оилавӣ, эндокринология, дерматовенерология, психиатрия;

· Бемориҳои кӯдакона, сироятҳои кӯдакона;

Дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ, ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ карда шуданд.

Мавзуъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои сексияҳои равиявӣ, Симпозиумҳои «ВНМО/БПНМ ва масъалаҳои мубрами микробиология, иммунология ва вирусология», «Физиологияи нормалӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори конференсия 188 маърӯзаҳои илмии олимон баррасӣ гардиданд, ки 71 маърӯза аз кишварҳои хориҷии дуру наздик ворид шудааст.

Маводҳои конференсияи мазкур дар ду ҷилди маҷмӯи маводи илмӣ ба табъ расидааст, ки 1107 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 310 мақола аз хориҷи кишварро дар бар гирифтааст.  

Дар хотима Резолютсияи конференсия қабул гардид, ки он ба рушд ва дурнамои илми тиб ва муносибатҳои илмиву таълимӣ, фарҳангию табобатии донишгоҳҳо, ворид намудани дастовардҳои олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард. 

                                                                    Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


29
28
27
26
25
24
23
22
21
20
19
18
17
16
15
14
13
12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
27.11.2020 321